Муроҷиатномаи варзишгарони мамлакат ба Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 6, 2015 10:42

Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: 
«Мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани Фармони Шумо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи Ҷоизаи президентӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рўҳбаланд намуд. Бинобар ин мо аз номи кулли ҷавонон ва варзишгарони кишвар ба Шумо изҳори сипос менамоем.
Ҷаноби Олӣ, 
Мулоқоти Шумо бо варзишгарони мамлакат, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Баъди ин вохўрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуданд. Дар ин радиф варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. 
Бо иштироки бевоситаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд. 
Эълон гардидани Соли оммавияти футбол низ дили миллионҳо наврасону ҷавононро ба ин навъи варзиш гарм намуда, ба рушди он дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. 
Варзишгарони мамлакат бо боварии том изҳор медоранд, ки минбаъд сафи наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам зиёд гардида, онҳо шаъну шараф ва эътибори мамлакатро ба маротиб баланд мебардоранд. 
Таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаатон оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак медиҳад. Ин иқдом масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем.
Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро  муқаддас мешуморем ва онро сидқан дўст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим Шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем.
Шумо, Сарвари Давлат  ва халқи азизамонро бовар мекунонем, ки шаъну шараф ва мақоми Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, дар пешрафти соҳаҳои мухталлифи ҳаёти халқамон низ саҳми шоиста мегузорем».
 

Февраль 6, 2015 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд