Мусобиқаи футбол байни дастаҳои низоми бонкӣ дар Суғд
Душанбе, 20.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз 23 феврал то 18 марти соли ҷорӣ дар толори варзишии Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонон- “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум мусобиқаи футболи толорӣ байни дастаҳои ташкилотҳои низоми бонкии вилояти Суғд баргузор мешавад. Чуноне аз кумитаи тадорукоти ин мусобиқа иттилоъ доданд, сабқат бо ширкати 14 даста ҷараён мегирад ва ба ҷашни байналмиллалии “Наврӯз” бахшида шудааст. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат” гузаронида мешавад.
Тибқи қуръакашӣ 14 дастаи иштирокчии мусобиқа ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Рахш” (Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд), «Ориёнбонк», “АБМХ”(Аввалин бонки молиявии хурд), “Тоҷиксодиротбонк”, Ташкилоти қарздиҳии “Матин”, “Соҳибкорбонк”, Бонки Эсхата -2” (дастаи собиқадорон) ва дар гурӯҳи “Б” дастаҳои “Агроинвестбонк”, Бонки «Эсхата», Ташкилоти қарздиҳии “Арванд”, “Тоҷпромбонк”, “Амонатбонк”, осоишгоҳи “Баҳористон” ва “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Аз ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳо 4 дастаӣ ба бозиҳои ј ниҳоӣ роҳҳат мегиранд ва мусобиқаро идома медиҳанд. Бозии финалӣ рӯзи 18 март баргузор мешавад. Ба ғолибон Ҷоми мусобиқа ва инчунин мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои бозингарони беҳтарин ва дастаҳо 13 мукофоти ҳавасмандкунӣ тақдим шавад.
Хотиррасон мекунем, ки 23 феврал соати 15.00 дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум бо ширкати раиси кумитаи тадорукоти мусобиқа, мудири бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ва сарварони дастаҳои иштирокчии мусобиқа нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи ин мусобиқа аз саҳифаи “Футболи бонкдорони Суғд” дар Фейсбук бо нишонии http://www.facebook.com/football.sugdbonk дастрас намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






