Нақши бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-«Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих»-чунин ном дорад китоби доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев, ки бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ рӯи чоп омадааст.
Ин китоб ба нақшу аҳамияти фарзандони миллати куҳанбунёди тоҷик дар таърих, ки бо ному корашон дар сафи бузургон қарор гирифта, чун шахсиятҳои ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовор шӯҳратёр гардидаанд, бахшида шудааст.
Китоб аз бахшҳои мухталиф таркиб ёфта, бахшҳои бунёдии онро нақшу аҳамияти асарҳои академик Б. Ғафуров дар тарбияи ватанпарварии ҷавонон, мақоми камназири устод М. Турсунзода дар ташаккули афкори замон ба унвони «пешоҳанги адабиёти муосири тоҷик», саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушду худшиносиву худсозӣ, густариши ифтихори миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ташкил медиҳанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






