Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар «Продэкспо — 2015»

Февраль 11, 2015 10:51

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 9 феврал  дар  Маркази  содироти  шаҳри  Маскав  маросими  ифтитоҳи Намоишгоҳи  21 — уми байналмилалии  маводи  ғизоӣ,  нӯшокиҳо ва ашёи  хом  барои  истеҳсоли онҳо  таҳти  унвони  «Продэкспо — 2015» баргузор гардид. Намоишгоҳ бо  ибтикори  Маркази  содирот ва  дастгирии Вазорати  кишоварзии Федератсияи  Русия  таҳти  васояти  Палатаи  савдо ва  саноати  ин  кишвар  роҳандозӣ  мешавад.
«Продэкспо — 2015» воқеаи муҳим  ба шумор рафта, аз таваҷҷуҳи  зиёди   корхонаҳои  хориҷӣ ба  бозори озуқа  далолат  мекунад. 
Дар намоишгоҳ  ширкатҳои  машҳури  Тоҷикистон  аз  қабили  Ҷамъияти  саҳҳомии  пӯшидаи «Авруосиё — 2005», Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди «Зода», Ҷамъияти  саҳҳомии  пӯшидаи «Баракат», Ҷамъияти  саҳҳомии   кушодаи «Интермед»,  Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди «Исфара», Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Субҳи  Ватан»  низ  иштирок  доранд. 
Намояндагони  корхонаҳои  маъруф 20  сол  боз  намунаҳои  маҳсулот ва  технологияҳои  муосирро  дар «Продэкспо» ба  маърази намоиш  мегузоранд. 
Дар  ғурфаи Тоҷикистон  маҳсулоти хушсифату  аз  нигоҳи  экологӣ  тоза, меваи тару тоза ва хушк,  асал,  шарбати зардолу, хуч,  себ ва  ғайра  намоиш  дода  мешавад. 
 
 

Февраль 11, 2015 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид