Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар «Продэкспо — 2015»
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 9 феврал дар Маркази содироти шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 21 — уми байналмилалии маводи ғизоӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо таҳти унвони «Продэкспо — 2015» баргузор гардид. Намоишгоҳ бо ибтикори Маркази содирот ва дастгирии Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия таҳти васояти Палатаи савдо ва саноати ин кишвар роҳандозӣ мешавад.
«Продэкспо — 2015» воқеаи муҳим ба шумор рафта, аз таваҷҷуҳи зиёди корхонаҳои хориҷӣ ба бозори озуқа далолат мекунад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои машҳури Тоҷикистон аз қабили Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Авруосиё — 2005», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зода», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Баракат», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Интермед», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Исфара», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Субҳи Ватан» низ иштирок доранд.
Намояндагони корхонаҳои маъруф 20 сол боз намунаҳои маҳсулот ва технологияҳои муосирро дар «Продэкспо» ба маърази намоиш мегузоранд.
Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти хушсифату аз нигоҳи экологӣ тоза, меваи тару тоза ва хушк, асал, шарбати зардолу, хуч, себ ва ғайра намоиш дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






