Намоиши осори ҳунармандони маъруфи Эрон дар Хуҷанд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Бо ибтикори Вобастагии фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо раёсати ДДХ дар факултаи рассомӣ-графикии донишгоҳ намоишгоҳи осори се ҳунарманди маъруфи эронӣ — Довуди Сулаймонӣ, Козими Хуросонӣ ва Майсам Нилӣ баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки бо ҳузури густардаи устодон ва шогирдони ДДХ баргузор гардид, муовини ректори донишгоҳ Абдуфаттоҳ Раҳимов бо таъкиди равобити ҳасанаи ДДХ бо муассисаҳои илмиву марказҳои фарҳангии Эрон баргузории ин намоишгоҳро гоми қавӣ дар аҳким ва густариши муносиботи ҳасанаи ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Эрон унвон кард.
Масъуди Аҳмадванд, вобастаи фарҳангии Сафорати Эрон дар шаҳри Хуҷанд низ бо таъкиди муштаракоти таърихиву фарҳангии ду миллат афзудаст, ки баргузории намоишгоҳ баёнгари тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо миёни ин ду кишвари дӯсту ҳамзабон аст. Вай афзуд, намоишгоҳи осори се ҳунарманди Эрон ба муносибати таҳкими равобити дуҷониба дар факултаи рассомӣ-графикии ДДХ барпо шуда, бори дигар нишон дод, ки тоҷикону эрониҳо аз қадимулайём соҳибу фарҳангу торихи муштарак будаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






