Насби воситаҳои техникӣ дар таваққуфгоҳҳои Хуҷанд
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Минбаъд пардохти маблағи таваққуфгоҳҳо дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд аз тариқи корти пластикӣ сурат мегирад.
Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додаст. Пешбинӣ гаштааст, ки бо ин мақсад дар таваққуфгоҳҳое, ки марказҳои савдои мавзеи «Панҷшанбе» ҷойгиранд, нахустин воситаҳои техникии махсус насб мешаванд.
Ҳадаф аз роҳандозӣ шудани ин тадбир мутамарказонидани сарчашмаи даромад аз ин ҳисоб ва таъмини шаффофияти воридоти маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъшаванда аст.
Тибқи қарори шаҳрдорӣ маблағҳои ба суратҳисоби буҷаи маҳаллӣ воридшуда барои таъмири роҳҳои шаҳр сарф хоҳанд шуд. Насби воситаҳои техникӣ дар тамоми таваққуфгоҳҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гаштааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






