Натиҷаҳои таҳқиқи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар соли 2014 бо ибтикори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии меҳнат (СБМ) муаррифии барномаи “Натиҷаҳои таҳқиқи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон” сурат гирифт.
Дар барнома доир ба мафҳуми “меҳнати кӯдакон”, сабабҳои меҳнати кӯдакон ва самтҳои гузаронидани пурсишнома миёни 22,6 фоизи кӯдакони синни 5- 17 сола маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки тақсимбандӣ пеш аз ҳама аз рӯйи намуди шуғл, синн, ҷои кор, мақоми кор ё шуғл ва дигар паҳлӯҳо тибқи стандартҳои мавҷуда гузаронида шуд.
Ҳамкории самаранок ва мубодилаи мутақобилаи иттилоот бо Хадамоти омори мамолики ИДМ, ҳамчунин бо Кумитаи омори ИДМ мунтазам бо амал бароварда шуд. Ба Кумитаи омори ИДМ дар соли 2014- ум 356 кори оморӣ фиристода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






