Нигоҳе ба исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ

Февраль 23, 2015 16:17

Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси садорати факултаи молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 20 феврал  дар мавзӯи «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро: исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ» бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён семинари илмӣ-амалии донишкадавӣ доир гардид. Мақсади он дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 
Тавре ки котиби ДМИТ Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар семинар сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов гуфт, ки яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза, ки оламиёнро ба ташвиш овардааст, ин реша давондани терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Декани факултаи молия ва қарз Шукрулло Хайров дар мавзӯи «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро: исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ» гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар ин зиддияти гурӯҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳоеро, ки аксари аҳолиашон мусулмонанд, ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар зеҳни ҷавонони имрӯза андешаҳои солим, аз қабили эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва ба қадри оромию осудагии давлати соҳибистиқлоламон расиданро бипарварем.

Февраль 23, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст