Нигоҳе ба исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси садорати факултаи молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 20 феврал дар мавзӯи «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро: исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ» бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён семинари илмӣ-амалии донишкадавӣ доир гардид. Мақсади он дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Тавре ки котиби ДМИТ Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар семинар сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов гуфт, ки яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза, ки оламиёнро ба ташвиш овардааст, ин реша давондани терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Декани факултаи молия ва қарз Шукрулло Хайров дар мавзӯи «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро: исломи сиёсӣ ва ҷаҳони кунунӣ» гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар ин зиддияти гурӯҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳоеро, ки аксари аҳолиашон мусулмонанд, ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар зеҳни ҷавонони имрӯза андешаҳои солим, аз қабили эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва ба қадри оромию осудагии давлати соҳибистиқлоламон расиданро бипарварем.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






