Нуробод: Паём-роҳнамо барои фаъолияти минбаъда

Февраль 14, 2015 10:56

Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрии гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар бо роҳбарии Абдураҳмон Маҳмадов-машваратчии калони Шӯрои амнияти миллӣ оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Тибқи иттилои корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Гулрухсор Неъматова, А. Маҳмадов зикр кард, ки  Паёми  Президенти  кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамое  барои фаъолияти  минбаъдаи  ҳар  як  сохтори давлатӣ мебошад.  Дар Паёми имсолаи  хеш бо назардошти  муҳимияти пойдории оилаи солим, ки асоси ҷомеаи солим аст, Сарвари давлат соли 2015-ро соли оила эълон намуданд.  Аз ин рӯ,  моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари Давлат тамоми тадбирҳоро андешем.
Раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмарзода аз ҷумла афзуд, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ моҳиятан ватандӯстиву меҳанпарварӣ буда, он пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу оини давлатдориро фаро мегирад. Дар ин радиф мо бояд қарзи шаҳрвандии худро дар назди миллат ба ҷо орем. 
Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо иштироки масъулин дар деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Комсомолобод ва Сафедчашма низ дар назар аст.
 

Февраль 14, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид