Нуробод: Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободии диёр
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар давоми соли гузашта дар ноҳияи Нуробод бо дастгирии соҳибкорон 21 маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла даҳ адад мағозаи дуошёна, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири мошинҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 34 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.
«Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ як силсила иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷониби соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев корхонаи истеҳсоли хишт ва регу шағал бунёд гардид. Соҳибкор Насриддин Ҳамидов дар деҳоти «Сафедоб» сохтмони корхонаи хиштро бо иқтидори ду миллион дона хишт дар як сол ба анҷом расонд. Дар деҳаи Сари пул соҳибкор Саид Неъматов корхонаи истеҳсоли асфалтро бо иқтидори 360 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод, ки 29 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид»,-иброз намуд раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Дар деҳаи Чорсадаи деҳоти ба номи Ҳакимӣ соҳибкор Нурмуҳаммад Хушвахтов корхонаи истеҳсоли ордро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 50 тонна маҳсулот мебошад. Ҳоло дар ин корхона 30 нафар бо кори доимӣ таъмин аст.
Аз ҷониби шахси саховатпеша Абдуҷаббор Каримов дар деҳаи Юсти деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов бунгоҳи тиббӣ ва дар шаҳраки Дарбанд соҳибкор Фаридун Салимов сехи қолинбофӣ сохта шуд»,-илова намуд С. Сиёмардзода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






