Оғози лоиҳаи нав дар ДМИТ

Февраль 25, 2015 09:55

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Мулоқоти ректори  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев бо роҳбари лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон Чинора Арапова  24 феврал дар донишкада доир гардид. Зимни мулоқот ҳамкориҳои судманди донишкада бо ин созмони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба оғози лоиҳаи нав расман шуруъ намуданд. 
Котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДМИТ компютер, дастгоҳи чопкунӣ, сканерӣ ва нусхабардорӣ, инчунин барномаи базавии «Адлия», ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар бар мегирад, тақдим шуд. 
Мақсади лоиҳа расонидани кумаку дастгирии рушди минбаъда дар соҳаи таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эътирофи ҳуқуқи истифодаи замин ҳамчун унсури асосии истифодаи замин буда, бо роҳи ташкили курс ва семинарҳои омӯзишӣ дар доираи фанҳои асосҳои ҳуқуқи замин, ҳуқуқ ба моликияти замин ва ҳуқуқи замин татбиқ мешавад. Ҳамчунин ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар аст, ки дар раванди ислоҳоти замин ширкат доранд ва умуман дарёфти дониши ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи Ч. Арапова дар оянда ташкилоти мазкур ният дорад, ки бо донишкада ҳамкории густурдаеро дар бахшҳои таълимот ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, гузаронидани тренингҳо ва мактабҳои тобистона ва ғайра ба роҳ монад. Зикр гардид, ки дар кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ гӯшаи махсуси фарогири таҷҳизот ва адабиёти лозимӣ дар доираи ин лоиҳаи ҷадид бунёд меёбад.
 
 

Февраль 25, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад