Оғози мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ
Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шуруъ аз 15-уми феврали соли равон бозиҳои марҳилаи пешакӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, чорумин мусобиқа барои дарёфти Чоми Тоҷикистон дар ду марҳила — пешакӣ ва ниҳоӣ доир мешавад. Бозиҳои марҳилаи пешакӣ аз 15 то 25 феврал дар се минтақа — Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мегарданд. Марҳилаи ниҳоӣ аз 1 то 15 март дар Душанбе гузаронида хоҳад шуд.
Дар мусобиқа дастаҳои футболи лигаҳои оливу якуми ҷумҳурӣ ширкат мекунанд. Дастаи ғолиби мусобиқа бо Ҷому мадалҳои ФФТ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Финалисти мусобиқа бо медалҳои нуқра ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва дастаи ҷои сеюм бо медалҳои биринҷӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқа низ бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе буда, қабл аз «Истиқлол» дастаи «Регар-ТадАз»-и Турсунзода (2012) ва «Хайр»-и Ваҳдат (2013) Ҷоми мазкурро соҳиб шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






