О. Салимзода: Паёми имсола аз 69 бахш тарҳрезӣ гардидааст
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода ).- Паёми имсолаи Президенти кишвар масъалаҳои нисбатан муҳими ҷомеаро дар бар гирифта, таваҷҷуҳи аҳолиро бештар ба худ ҷалб намуд. Ин нуктаро Олимҷон Салимзода-вакили Парлумони кишвар ва ҳамзамон раиси Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 6 январ зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ иброз дошт. Ба гуфтаи мавсуф агарчӣ Паёми соли гузашта дар 52 бахш тарҳрезӣ гардида буд, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар 69 бахш тарҳрезӣ гардид, ки ин фарқият ва бартарияти паёми мазкурро нишон медиҳад.
Олимҷон Салимзода меҳвари асосии Паёми имсолаи Президенти кишварро, аз ҷумла дар баланд бардоштани неруи инсонӣ ном бурд. «Инсон бо тамоми арзишҳояш ҳам аз нигоҳи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳам аз нигоҳи таъмини сиҳатӣ ва ҳам таъмин будан бо ҷойи кор дар Паёми имсола ҷойгузин гаштааст»,-иброз дошт вакили Парлумон. Дар робита ба сайқал додани дониши донишҷӯён аҳамияти Паёми Президентро Олимҷон Салимзода дар вусъат додани ҳамкории паркҳои техникӣ ва инноватсионии назди Академияи илмҳо бо паркҳои илмӣ истеҳсолии Донишгоҳҳо ном бурд. «Бигзор илм бештар бо истеҳсолот омехта шавад, то тавонад як гӯшаи рӯзгори мардумро осон кунад»-афзуд номбурда. Вакили Парлумон ривоҷ додани маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ, тақвият бахшидани иқдомҳои донишҷӯён ва ҳамзамон аз худ кардани забонҳои хориҷиро яке аз вазифаҳои асосии донишҷӯёни рӯзноманигор дар замони муосир номид.
Ёдовар мешавем, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январ ба намояндагони Маҷлиси Олӣ ироа гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






