Оила- асоси пойдории давлат ва ҷамъият

Февраль 7, 2015 10:39

Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Паёми  навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 23 январ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид,  аз ҷиҳати фарогирии масоили мубраму муҳими  рӯз ва таҳлили ҳамаҷониба ва  воқеии рушди иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон — Тоҷикистон муҳиму саривақтӣ буда,  раҳнамои кулли сокинони кишвар дар рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи  ҷумҳурӣ хоҳад гашт. Дар Паём сухан аз боби оила ва мақоми он дар ҷомеа рафта, соли 2015- соли оила эълон гардид.  Дар робита  ба ин Файзулло Наҷмиддинов, узви ИЖТ оид ба мавзӯи «Оила ва мақоми он дар ҷомеа»  андешаҳои хешро чунин баён кард:
-Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Инсоният баҳри   инкишофи ҷомеаи мутамаддин  тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору  ахлоқ, одоби бунёди  оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ  замина гузошт, ки ин раванд пайваста ташаккул меёбад. Яке аз бунёдгузорони одобу ахлоқи баланди  барпо намудани оила  ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд. Эҳтироми зан -модар барои ҳар нафар мояи ифтихор ва қарзи ҷавонмардӣ мебошад.  Зани тоҷик дар баробари тарбия ва ба воя расонидани фарзанд, дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ  саҳми сазовор гузошта, бо хушахлоқиву покдомании худ шуҳратманд гаштааст. Дар устуворӣ ва пешравии оилаҳо саҳми занону модарон басо бузург аст.
Тадқиқотчиён ба хулосае омадаанд, ки тамоми пешравиҳои олам ба солимии оила сахт марбут аст.  Пизишкон бар он ақидаанд, ки маҳз  ҳаёти оилавӣ  боиси дарозумрии инсон  шуда метавонад.  Оилаи солим  маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли солим аст. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».
Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷамъият маҳсуб ёфта,  аз тарафи  давлат  ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Дар моддаи 33 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳар кас  ҳуқуқи ташкили оила дорад.  Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ  расидаанд,  ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Аз ин рӯ, падарону модаронро зарур аст, ки ба қадри ғамхориҳои мазкур бирасем ва дар навбати худ барои пешрафт ва рушду инкишофи Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳмгузор бошем.
 

Февраль 7, 2015 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!