Омӯзиши Паём дар ДДХ
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаҳои геоэкология ва химия-биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯён вобаста ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев оид ба масъалаҳои бекорӣ, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, бекоршавии ақди никоҳ ва никоҳи хешутаборӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ маълумоти мафассал дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






