Омодагиҳо ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар Эрон
Душанбе, 23.02.2015 (АМИТ “Ховар”).- Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд. Назар ба гуфтаи масъулони сафорат, ҳамаи шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон бо қонуну муқаррарот ва замону макони баргузории интихобот шинос шудаанд ва кормандони сафорат ҷиҳати ошноии амиқи онҳо ба Машҳад, Гургон, Қум, Зоҳидон, Исфаҳон, Шероз ва дигар шаҳру устонҳои Эрон сафар намуда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон аз наздик дидору гуфтугӯ намудаанд.
Аз ҳоло сандуқҳои раъйдиҳӣ, варақаҳо ва таблиғоти лозим дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, ки танҳо макони овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар шудааст, омода шуда, дар матбуот ва расонаҳои Эрон, аз ҷумла ИРАС- дафтари мутолиоти Эрон ва АвруОсиё (www.iras.ir), Титри ахбор(www.titreakhbar.com) дар ин бора матолиб мунташир шудаанд.
Қарор аст шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон аз соати 8 — и субҳ то соати 20 — и рӯзи 1 март дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, воқеъ дар Ниёварон, аввали Кошонак, хиёбони шаҳид Зайналӣ, кӯчаи сеюм, блоки 10 овоздиҳии худро ба номзади мавриди назарашон анҷом диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






