«Оро Исфара» ба 1 млн. $ паймон баст
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Зимни Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо -2015», ки 9 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ширкати «Оро Исфара»-и Тоҷикистон бо ширкатҳои «Фруктовие линии»-и Русия оид ба хариду фурӯши хушкмева ба маблағи 1 миллион доллар паймон баст.
Ҳамчунин паймони сеҷониба байни «Оро Исфара», «Фруктовие линии» ва ширкати «Santa vita»-и Туркия оид ба интиқоли мева ва хушкмева ба Туркия ва кишварҳои Аврупо ба имзо расид.
Ширкатҳои «Субҳи Ватан» ва «Баракат» низ бо ширкатҳои Русия оид ба фурӯши сабзавоту мева ва хушкмеваи Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия гуфтугӯ доранд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






