Ошкоршавии дорувории зараровар аз ҷониби гумрукчиён
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Ятим Маҷидов, сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар воридоти чунин мавод боздошт гардид.
Назар ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, номбурда маводи дорувории амоксатсилин — 992 қуттӣ, паратсетамол — 392 қуттӣ ва руфен — 41 қуттӣ, ки маблағи умумияш 23 ҳазору 306 доллари ИМА-ро ташкил медод, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид намуда, дар дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и гумруки Қӯрғонтеппа ҷойгир менамояд. Ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии фоъолияти фармасевтии кишвар муайян кард, ки молҳои мазкур ба талаботи стандартҳои аслӣ чавобгӯ набуда, бо сифати паст истеҳсол шудаанд, ки метавонанд ба саломатии мардум осеб расонанд.
«Новобаста аз он, ки шаҳрванд Маҷидов дар гузашта низ бо чунин амали нангини худ муттаҳам дониста мешуд, боз ба чунин кирдор даст задааст»,- хабар медиҳад манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба гумонбар бо моддаи 201 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






