Ошкоршавии тамаъҷӯӣ бо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар ҷинояти тамаъҷӯӣ директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом Ф. Мамадов, соли таваллудаш 1981 дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки номбурда аз зердастонаш- сардорони шуъбаҳои маркази мазкур С.Б., соли таваллудаш 1971 ва Э.И. соли таваллудаш 1986, сокинони шаҳри Конибодом ҳар моҳ маблағи аз 600 то 700 сомонӣ ба сифати пора талаб мекардааст. Рӯзи 28-уми январи соли 2015 Ф. Мамадов дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ аз кормандонаш С.Б. ва Э.И. дастгир гардид. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






