Озмуни «Ҳамадон» байни мактабҳои Қурғонтеппа

Февраль 2, 2015 15:42

Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа бахши ҷавонони шаҳр дар таътили зимистона чорабиниҳои гунонгунро роҳандозӣ намуда, дар ин мавсим наврасону ҷавонони зиёдеро ба онҳо ҷалб намуд.
Бахши ҷавонони шаҳр дар баробари доир намудани суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои варзишӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф байни хонандагони фаъоли 18 муассисаи таълимии шаҳр озмуни «Ҳамадон»-ро доир намуд. 
Даври аввали озмун дар муассисаҳои таълимӣ сурат гирифта, ғолибон ба даври дуюм, яъне ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври дуюми озмуни «Ҳамадон» дар Литсей- интернати физикӣ-математикии «Ориёно» сурат гирифта, ба дастаҳо саволҳои тестӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ пешниҳод шуданд. Баъди санҷиш маълум гардид, ки гурӯҳи хонандагони Литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» бо гирифтани 128 хол сазовори ҷои аввал гардиданд.
Баъди ҷамъбаст зинаи дуюмро бо соҳиб шудани 104  хол хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва ҷойҳои сеюмро  хонандагони мактаби №13 ва 9 сазовор гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 2, 2015 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст