Озмуни «Ватанпарвар» дар Қурғонтеппа

Февраль 17, 2015 14:48

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо мақсади тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо барои ҳифзи Ватан  аз 5-уми  феврал  дар 18 муассисаи таълимии шаҳри  Қурғонтеппа бо ташаббуси комисариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст, ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр озмуни «Ватанпарвар» бахшида ба ҷашни 22-солагии ташкилёбии Артиши миллии ҶТ  доир гардид. 
Даври ниҳоии озмун дар назди майдони  Исмоили Сомонӣ бо иштироки ҳайати ҳакамон ва намояндагони мақомот дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Иштирокчиёни озмун назди ҳозирин бо иҷрои шартҳо баромад намуда, аз худ маҳорати омодабошии низомӣ ва ташкил намудани лавҳаю гӯшаҳо  қобилияти баланд  нишон доданд.
Баъди натиҷагирӣ ва иҷрои пурраи шартҳои озмун  ҷои аввал насиби Литсеи рақами 1 ва Литсеи тоҷикӣ — туркӣ, зинаи дуюм насиби дастаи  муассисаи таълимии рақами 2 ва Литсеи Ориёно гардида, зинаи сеюмро дастаи муассисаи таълимии рақами 4 ва 6 ишғол намуд.
 
 
 

Февраль 17, 2015 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид