«Пайванди қитъаҳо» — шарики муҳими иттилоотӣ

Февраль 4, 2015 12:00

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 3  феврал   раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  дар  шаҳри  Урумчии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  бо  муовини  раиси кормандони  матбуоти  ҶМЧ,  сармуҳаррир,  директори  маҷаллаи  «Контимост», котиби  кумитаи ҳизбии «Рӯзномаи  иқтисодии Синҷон» Ян  Гохуэй мулоқот  анҷом  дод.
Назар ба  иттилои  ПСС ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  ҳамкории дуҷониба  дар  бахши  иттилоот баррасӣ  шуданд.
Мусоҳибон  мақому  аҳамияти  маҷаллаи «Пайванди  қитъаҳо  (Контимост)»  — и Тоҷикистону  Чин  дар  рушду  густариши  шабакаи  табодули  иттилоотию  фарҳангии  байни Тоҷикистону  Чинро ба  дараҷаи баланд  арзёбӣ  намуданд.
«Ин  далели он  аст, ки  дӯстии Чину  Тоҷикистон  дар  ҳамаи  самтҳо  густариш  меёбад», —  гуфт Ян Гохуэй.
«Намояндагони  самтҳои иқтисодию  фарҳангии  ҳар  ду  кишвар тавассути маҷалла таҳкурсии  мустаҳками  ҳамкории  зич  дар Роҳи  абрешимро  мегузоранд», —  изҳор  дошт  Шариф  Саид.

Февраль 4, 2015 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид