Парлумон ба қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид менамояд

Февраль 24, 2015 08:40

               Душанбе, 24.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Масъалаи мазкур дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ шуд.
      Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»,  «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» матраҳ гардиданд.
 
 
 
 
 
 

Февраль 24, 2015 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст