Парлумон наздики 1000 қонуну қарор қабул кардааст
Душанбе, 28.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон аз оғоз то ба имрӯз 134 ҷаласаҳои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо 993 лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд”,-гуфт дар иҷлосияи ниҳоии палатаи поёнии Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар 5 соли фаъолияти даъвати чорум 3 қонуни конститутсионӣ -Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 38 Қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Раиси палатаи поёнии Парлумон таъкид кард, ки яке аз дастовардҳои чашмрас дар ҷараёни ин даъват қабули 3 Кодекси нав мебошад, яъне дар таърихи қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шумор қарор доранд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки таҷрибаи таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал хеле самарабахш амалӣ гардид. 115 қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, ки аксари онҳо дар низоми қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва даҳҳо чунин қонунҳои нави мукаммал дар он шумор маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин 108 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 336 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 603 қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои мукаммал ва қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. 4 қонун аз эътибор соқит дониста шуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҷараёни даъвати чорум 390 созишнома, шартнома, аҳднома, ёддошту қарордод, конвенсияю протоколҳо, ҳамчунин 5 барномаи давлатӣ, 5 дурнамо ва як стратегияи давлатӣ ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Раиси палтаи поёнии Парлумони кишвар афзуд, ки аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 лоиҳаи қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ 18 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 40 лоиҳаи қонун ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 162 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми даъвати чорум вакилони Маҷлиси намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 2 то 23 лоиҳаи қонунҳо пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






