Пешгирии коррупсия дар Кӯлоб

Февраль 20, 2015 09:40

Кӯлоб, 20.02.2015. (АМИТ Ховар», Сулаймони Хол).-Кормандони шуъбаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мувофиқи нақша дар идораву ташкилотҳои минтақа суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ доир менамоянд. Чанде қабл чунин вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии минтақа доир шуда, зимни он зикр гардид, ки то ҳанӯз новобаста ба назорати пурзӯр дар баъзе аз беморхонаҳо табибон даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Соли 2014   -3 амали коррупсионӣ ошкор шуд. Инчунин зикр шуд, ки ҳамаи беморхонаҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд ва як қисми хизматрасониҳои тиббӣ пулакӣ анҷом дода мешаванд, вале дар баъзе беморхонаҳо нархнома мавҷуд нест, ки ин боиси ташвиши сокинон гардидааст. Сардори раёсати тандурустӣ  ба мусъулин супориш дод, ки дар бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ  фаъол бошанд.

Февраль 20, 2015 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид