Пешгирии офатҳои табиӣ дар Муъминобод

Февраль 17, 2015 11:15

Муъминобод , 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-  Ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид мешаванд. Хусусан сокинони ноҳияи Муъминобод, ки аз ҳудуди он сою дарёчаҳои зиёд мегузарад, дар фасли баҳор мувоҷеҳи чунин мушкилӣ мегарданд. Баҳри пешгирии офатҳои табиӣ имсол дар ноҳия ситоди доимӣ фаъол гардида, ба корҳои соҳилбандӣ тамоми корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ҷалб шуд.
Кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия низ бо ҷалби техникаи мавҷуда роҳҳоро барқарор карда, дар корҳои соҳилбандӣ ба аҳолӣ ёрӣ мерасонанд. Корҳои соҳилбандӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон дар дигар сою дарёчаҳои ноҳия идома дорад. То имрӯз ҳазорҳо метри мураббаъ соҳилҳо мустаҳкам гардонида шудаанд. Ба гуфти масъулон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои хатарзо то оғози боронҳои баҳорӣ ва баланд шудани маҷрои сою дарёчаҳо идома дода мешаванд.
 Мавриди зикр аст, ки дар давоми панҷ соли охир дар ин мавзеъ  дар натиҷаи омадани сел даҳҳо гектар заминҳои корам ва хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони аҳолӣ хароб гардида, қисми зиёди роҳҳои мошингард, ки деҳаҳоро бо ҳам мепайваст, пурра нест гардидаанд. 
 

Февраль 17, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст