Прокуратура “Ҷоми ВКД”-ро ба даст овард
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими бозиҳои ниҳоии мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, корхонаҳо ва идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, барои дарёфти ҷойи сеюм ва ноил гардидан ба медалҳои биринҷии мусобиқа байни дастаҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар бозии мазкур кормандони ДТММ тавонистанд ба дарвозаи ҳариф 3 гол заданд, бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб шуда, диловарони даста соҳиби ҷои саввуми мусобиқа шуда, сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Прокуратураи вилоят хеле пурҷӯшу хурӯш баргузор гардид. Бозиро наздики 5 ҳазор нафар мухлис дар толори Қасри варзиш тамошо намуд. Дар бозии ниҳоӣ кормандони Прокуратураи вилояти Суғд тавонистанд ба дарвозаи ҳариф 5 гол ворид намуда, 2 голро аз тарафи ҳарифон қабул намоянд ва бо ҳисоби 5 бар 2 ғолиби мусобиқа шуда, сазовори ҷои аввал ва Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқа тӯли 6 рӯз бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» баргузор гардида, дар он 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ва 8 дастаи наврасону ҷавонони вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар маросими ҷамъбаст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода, прокурори вилоят Шариф Қурбонзода ва комиссари ҳарбии вилоят Аъзам Қосимов ба 4 дастаи ғолиб: наврасону ҷавонон, Прокуратураи вилоят (ҷои аввал), Раёсати ВКД дар вилоят (ҷои дуввум) ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия Раёсати ВКД дар вилояти Суғд (ҷойи сеюм) диплом, медал ва тӯҳфаҳои пулиро тақдим намуданд.
Дар охир сардори Раёсати ВКД Шариф Назарзода шоҳҷоиза — “Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро аз номи вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ба дастаи ғолиб-Прокуратураи вилояти Суғд тақдим намуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






