Р.Аҳмадзода: Ҳаҷми маҳсулоти содиротии шаҳр меафзояд
Хуҷанд, 04.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Баҳри натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар соли 2014 ва муайян намудани нақшаи дурнамо барои соли 2015 дирӯз раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноатии маркази вилоят мулоқот намуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, дар мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти саноатчиёни шаҳр гуфт, ки вобаста ба қисми даромади буҷети давлатӣ ҳиссаи соҳаи саноати шаҳр дар соли гузашта назаррас буда, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба 107,3 миллион баробар шудааст, ки он тамоюли афзоиш дорад. Дар ин раванд танҳо соли гузашта дар маркази вилоят 46 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуд, ки шумораи умумии онон алъон ба 154 адад расида, дар соли 2014 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин коргоҳҳо 490 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2013 87 миллион сомонӣ ё 21,6% зиёд аст.
Ба гуфти Р.Аҳмадзода, новобаста аз натиҷагирии хуб, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки то ҳанӯз захираю имкониятҳои коргоҳҳо пурра истифода нашудаанд. Ӯ дар мисоли фаъолияти коргоҳҳои истеҳсоли пойафзол, мебел, комбинати коркарди маҳсулоти шир, коргоҳи «Хуҷандторгмаш», Комбинати нонпазии шаҳр, коргоҳи «Кабоол-тоҷик текстайлз» ёдрас шуда, зикр намуд, ки дар соли равон коргоҳҳои мазкур бояд фаъолияти худро боз ҳам мукаммалтар ба роҳ монанд. Дар мавриди ташкили коргоҳҳо ва таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ раиси шаҳр гуфт, ки барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҷудо намудани замин ё ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои таъсиси онҳо ягон масъул ва ё сохторҳои дахлдор набояд муаммо эҷод намояд, зеро то имрӯз зиёда аз 4 ҳазор нафар сокини Хуҷанд аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст, ки онҳо бояд ба кори доимӣ фаро гирифта шаванд. Дар ҷаласа аз ҷониби 154 корхонаи саноатии шаҳр уҳдадории истеҳсолӣ барои соли 2015 қабул гардид, ки нисбат ба соли гузашта 196 миллион сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатчиёни шаҳри Хуҷанд ба 686 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






