Рамзӣ Шамиров- аввалин довари сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон
Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Рамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши тоҷик аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани унвони «Довари дараҷаи байналмилалии «А” оид ба дзюдо» мушарраф шудааст. Инчунин вай дар байни доварони дунё, ки ба чунин унвон сазовор гаштаанд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Рамзӣ Шамирови 32-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Гонконг баргузор шуд, аз ҳамаи имтиҳонҳо (оид ба дониши забони англисӣ, назария ва амалияи доварии қоидаҳои дзюдо) бомуваффақият гузашт ва соҳиби унвони «Довари дараҷаи байналмилалии «А”» гардид.
Гуфта мешавад, ки ин унвон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои расмии сатҳашон баланди Федератсияи байналмилалии дзюдо — Гранд При, Гранд Слэм, қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ доварӣ намояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






