РИР: “Ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима диҳед”

Февраль 26, 2015 16:28

Душанбе, 26.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Раёсатҳои истифодаи роҳҳои (РИР) ноҳияҳои  пойтахт бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳ ва нисфирӯзии  24   феврали соли 2015 дар иртибот ба ҳолати нигаҳдорӣ ва бехатарии роҳҳо зимни бартарафсозии бориши барфи пуршиддат оид ба фаъолияти РИР пахш гардид, қотеъона  талаб менамоянд, ки ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима дода шавад. 
Дар посухи масъулини РИР, ки ба унвонии директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон С. Гадоев ирсол гардидааст, гуфта  шудааст, ки РИР аз ҷониби ситодҳои доимии шаҳрию ноҳиявӣ  бобати пешгӯии боду ҳаво ва боришоти барф қаблан огоҳонида шуда, омодагияшон  берун аз хостаҳои гузоришгарон  роҳандозӣ гардида буд.  Бо инобати аз соати 6-и субҳ оғоз гардидани бориши барф,  дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар  шуданд, ки то соати 12-00 аз ҷониби РИР 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд. Инчунин дар посух зикр шудаааст, ки техникаҳои барфрӯбӣ  тибқи меъёрҳои роҳсозӣ ВСН 24-88 “Қоидаҳои техникии таъмир ва нигоҳдории роҳҳои  нақлиётӣ” танҳо  пас аз 10 см шудани қабати ғафсии барф сафарбар карда мешаванд. 
 
 

Февраль 26, 2015 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид