Рушди имкониятҳои таъминкунӣ бо кор
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 24 феврал дар мавзӯи «Рушди малакаҳои касб барои васеъ намудани имкониятҳо барои таъминшавӣ бо кор» мизи мудаввар доир гардид.
Ба гуфтаи котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева директори Институти тадиқотии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ Саодат Мутиева роҷеъ ба мавзӯи «Баҳогузории талаботи бозори меҳнат ва пурсиши кордиҳандагон дар Тоҷикистон» паҳлуҳои мухталифи масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон директори ташкилоти ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» Шодибег Қодиров оид ба мавзӯи самарабахшии ҳамкориҳои бозори меҳнат ва муассисаҳои олии таълимии ихтисосҳои иқтисодӣ, мушкилоти мутахассисон, ба кор фаро гирифтани онҳо ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат сухан гуфт.
Ноиби ректори донишкада оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров зикр намуд, ки дар донишкада бояд маркази бо кор таъмин кардан таъсис дода шавад, то барои ба кор фаро гирифтани донишҷӯёни боистеъдод замина фароҳам ояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






