Саҳми сазовори У. Ғаффоров дар рушди илму фарҳанг
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба 70 солагии як нафар фидоии илм, профессор Усмонҷон Fаффоров дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар тӯли ин солҳо Усмонҷон Fаффоров 70 китоб ва зиёда аз 700 мақолаи илмиву оммавӣ навишта, баҳри рушди фарҳангу маданият ва илми Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.
Муовини раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов аз дастовардҳои баланди соҳибҷашн ёдовар шуда, зикр кард, ки эшон аз давраҳои ҷавонӣ ба илму фарҳанг, махсусан ба таърих аҳамияти хосса дода, барои равнақ додани он кӯшиш ба харҷ додааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи Мақомоти иҷроияи ҳолкимияти давлатии шаҳр дар вазъияти тантанавӣ ба Усмонҷон Fаффоров унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро тақдим кард.
Нақлҳои устодону шогирдон ва пайвандони соҳибҷашн аз корҳои анҷомдода дар соҳаи илми тоҷик ва ҳамкорӣ бо ин марди наҷиб чорабиниро рангинтар гардонид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






