Сафари олимони АИ ҶТ бо мақсади тавзеҳи Паём

Февраль 10, 2015 09:45

 
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии кишвар тавзеҳ додани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимони шинохтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат аз 9 гурӯҳ, ки ба онҳо 60 нафар шомил аст, аз 3 то 9 феврал ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо аҳли ҷамоат ва сокинони он мулоқот намуданд. 
Тавре ки котиби матбуоти Академияи илмҳои ҶТ Латиф Латифов иттилоъ дод, ҳамин гуна вохӯриҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт низ сурат гирифтанд. Зимни вохӯриҳо олимони Академияи илмҳо перомуни мавзӯъҳои худшиносию худогоҳӣ, тарбияи ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, масъалаҳои оиладорӣ, оқибатҳои зараровари никоҳи хешутаборӣ, вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд.
 
 
 

Февраль 10, 2015 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад