Сафари олимони АИ ҶТ бо мақсади тавзеҳи Паём
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии кишвар тавзеҳ додани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимони шинохтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 9 гурӯҳ, ки ба онҳо 60 нафар шомил аст, аз 3 то 9 феврал ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо аҳли ҷамоат ва сокинони он мулоқот намуданд.
Тавре ки котиби матбуоти Академияи илмҳои ҶТ Латиф Латифов иттилоъ дод, ҳамин гуна вохӯриҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт низ сурат гирифтанд. Зимни вохӯриҳо олимони Академияи илмҳо перомуни мавзӯъҳои худшиносию худогоҳӣ, тарбияи ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, масъалаҳои оиладорӣ, оқибатҳои зараровари никоҳи хешутаборӣ, вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






