Сафири Тоҷикистон ба Президенти Маҷористон Эътиборнома супорид
Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 4 феврали соли 2015 дар Будапешт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов ба Президенти Маҷористон Янош Адер Эътиборнома супорид.
Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Маҷористон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз сатҳу сифати муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Маҷористон изҳори назар намуданд.
Дар рафти мулоқот дар баробари масъалаҳои дигар, аз ҷумла, зарурати фаъол намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъкид гардид. Инчунин Президенти Маҷористон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазъияти экологии минтақа, тағйирёбии иқлим ва хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Президенти Маҷористон, дар иртибот ба ин мавзуъ, аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Рио+20 таърихи 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузоргардида, ёдовар шуд.
Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президент, Сафири Тоҷикистон ба “Майдони қаҳрамонон”-и шаҳри Будапешт ташриф оварда, ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар бар пояи муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






