Семинари омӯзишии КМИР

Февраль 4, 2015 16:43

Душанбе, 04.02.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 04 феврали соли 2015 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи нақшаи корӣ семинари омӯзишии навбатиро дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Сино №4 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои  интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  баргузор намуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур раисон, муовинон, котибон ва аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳивии интихоботии дигар ноҳияҳои ш. Душанбе иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи касбии аъзоёни комиссияҳои поёнии интихоботӣ ба чорабинии муҳими сиёсии дарпешистода ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.
Дар семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода, фаҳмонидани мазмуну мундариҷаи қонунгузории интихоботӣ ва дастурамалҳои аз ҷониби Комиссияи марказӣ ба тавсиб расида, дар назди ҳозирин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷамшед Ҷамшедов ва роҳбари Дастгоҳи Комиссия Абдуманон Додозода баромад  намуданд.
 Аз ҷумла таъкид гардид, ки комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ амалӣ намуда, барои саривақт ва бо сифати баланд омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланд ба итмом расонидани маъракаи муҳими барӯйхатгирии интихобкунандагон, тайёр намудани биноҳои овоздиҳӣ, дигар таҷҳизоти зарурӣ барои овоздиҳӣ, саривақт дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, паҳн намудани маводҳои интихоботӣ оид ба тартиби иштирок дар интихобот, инчунин тарзи нави овоздиҳӣ барои интихобкунандагон чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ бояд пайваста малакаи касбии худро такмил дода, бо риояи тартиби пешбиникардаи қонунгузории интихобот, кори комиссияҳои поёниро бо низом ба роҳ монда, фаъолияти комиссияҳои интихоботиро ба муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон равона намоянд.
Дар раванди омодагиҳо ба интихобот ҷиҳати ташкил намудани вохӯриҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бо интихобкунандагон бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фароварди чорабинӣ масъулини КМИР ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семинари омӯзишӣ посухҳои мушаххас доданд.

Февраль 4, 2015 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд