Шарҳи Паём дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 машварат баргузор гардид. Дар семинар муовини вазир Н. Маҳмадуллоев иброз дошт: «Паёми Президентро метавон дурнамои фаъолияти сохторҳои ҳукумат ва зиндагии мардум номид».
Инчунин ӯ ба як силсила масъалаҳое, ки дар Паёми имсола ироа гардида ва бевосита ба фаъолияти вазорат мансуб мебошанд, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон дар литсейҳои касбӣ-техникӣ, марказҳои таълими калонсолон ва танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд, диққати иштирокчиёнро равона сохт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






