“Шерчангол” боз ба хонаи аслиаш бармегардад

Февраль 11, 2015 09:31

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон сокини 52-солаи ноҳияи Бохтарро бо тахаллуси “Шерчангол”, ки соли 2000 аз рӯи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлати 15 сол маҳкум шуда буд, дастгир намуданд. Ҳангоми дастгир намудан аз ӯ як адад туфангчаи Макарови коршоям бо як тирдон дарёфт гардид. 
Маврид ба зикр аст, ки «Шерчангол» баъди аз маҳбасхона озод шудан ба ҷойи шукргузорӣ аз озодӣ, баръакс ҳанӯз ҳам даст ба ҳаракатҳои зиддиқонунӣ мезанад. 
Илова бар ин ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ халтаи селофанӣ бо маводи ҳашиш ошкор ва мусодира гардид.
Баъдан кормандони фаврӣ ба ноҳияи Бохтар рафта, дар хонаи дастгиршуда аз дохили бухории барқӣ боз як халта маводи афюн, ки вазни он қариб ним килограммро ташкил медод, ошкор карданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
 

Февраль 11, 2015 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст