Шиносоии Қ. Расулзода бо корҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор

Февраль 6, 2015 11:39

 
Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дирӯз дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили  ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
Дар ноҳияи Ҳисор бахшида ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор  сохтмону навсозӣ ва тармиму  таҷдиди  иншооти  зиёди  ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки навсозии роҳи  марказии ноҳия, бунёди варзишгоҳ, гимназияи президентӣ, чойхона, осорхонаю  китобхонаи ноҳиявӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, зеристгоҳҳои барқию иншооти обтаъминкунӣ аз зумраи онҳо буда, ҷараёни корҳои сохтмонӣ, навсозию тармимии ин иншоот  дар  маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  қарор доранд.
Барои шиносоии бевосита бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳия    Сарвазири  мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни  3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
Зимни  шиносоӣ бо  ҳолати навсозии  роҳи  марказии ноҳия, ки беҳбудӣ металабад, ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои роҳсозӣ ва ташкили фаъолияти бонизоми идораҳои  масъул, инчунин ба роҳ мондани корҳои хуррамгардонии  канорҳои  роҳи  марказӣ  ва шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода дар  қаламрави  ноҳия  дастуру  супоришҳо  дода  шуданд.
Масъалаи беҳдошти вазъи таъминоти ноҳия бо неруи барқ ва об аз  масъалаҳои асосии тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни  3000-солагии Ҳисор  ба ҳисоб рафта,  дар  ноҳия  бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони  зеристгоҳҳои   барқи  Ҳисор  бо иқтидори 110 ба 10 килловолт ва  Шаҳринав  бо  тавоноии  220  ба  110\35\10   килловолт  бомаром  идома  дорад. Бо назардошти  муҳимияти  ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ ва асосан ҷалб намудани мутахассиони маҳаллӣ  дар сохтмони  ин  ду иншооти энергетикӣ дар айни замон  беш  аз  ҳаштод  фисади кормандон ва сохтмончиён аз ҳисоби  сокинони таҳҷоӣ  ва  мутахассисони  маҳаллӣ   ҷалб   шудаанд. 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор бо  корҳои  сохтмонии  пойгоҳи  нави обтаъминкунии ноҳия шинос шуд.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия, гимназияи Президентӣ  барои 640 нафар,  чойхона,  китобхонаю  осорхона  ва таъмиру тармими  маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи  Ҳисор,  ки асосан бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷараён  доранд,  мувофиқи  матлаб  буда,  масъулони корҳои сохтмонӣ  ва  навсозӣ  нақша  доранд  иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар  иртибот ба истиқболи сазовори   ҷашни  3000-солагии  Ҳисор  дар  муҳлатҳои  муқарраргардида таъмин намоянд.
Дар рўзи сафари кории ҳайати ҳукумати мамлакат ба ноҳияи Ҳисор дар маркази ноҳия се иншооти хизматрасонию истеҳсолӣ барои наздик ба дусад ҷойи корӣ  мавриди  истифода қарор дода шуд. Иншооти  мазкур   дар  партави  дастуру супоришҳои  Сарвари  Давлат  Эмомалӣ  Раҳмон дар масоили ташкили ҷойҳои нави корӣ,  дастгирии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна   аз  ҷониби  соҳибкорони  алоҳида   бунёд   шуда,  ҳайати   кормандону  мутахассисонашон   асосан  занону  духтарони таҳҷоӣ мебошад.  
Дар  анҷоми   боздид    ва  шиносоӣ  бо  ҳолати   корҳо дар   иншооти ҷашнӣ  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода   роҳбарони  вазорату  идораҳои  дахлдор ва мақомоти  иҷроияи  маҳаллии   ҳокимияти  давлатии  ноҳияро   барои   таъмини  иҷрои  нақшаи  чорабиниҳои  таҷлили   ҷашни  3000-солагии  Ҳисор, хусусан  вусъати  корҳои   сохтмонии   иншооти муҳим, таъминоти  барқу  равшаннамоӣ,  ташкили маъракаҳои  ободонию   суррамгардонӣ, ки  дар   сатҳи   зарурӣ  ба  роҳ  монда  нашудааст, инчунин   тақвияти   корҳои  беҳдоштии  шабакаҳои  обу корезӣ, бунёду  мумфаршкунии  роҳҳо  ва  пешбурди   босифати  корҳои   таъмиру тармими  маҷмааи  таърихию  фарҳангии  Қалъаи   Ҳисор дар асоси нишондодҳои илмию археологӣ вазифадор намуд. Барои  таъмини   иҷрои  саривақтии  дастуру супоришҳо  аз  ҳисоби  аъзои  кумитаи  тадорукоти  ҷашни   3000-солагии  Ҳисор гурўҳҳои  корӣ  таъсис ёфта,   барои  иҷрои  вазифаҳои  муҳим   вобаста шуданд.

 

Февраль 6, 2015 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд