Шиносоии А. Иброҳим бо корҳои навсозии нақби «Истиқлол»

Февраль 25, 2015 10:43

Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муовини  Сарвазири  мамлакат   Азим  Иброҳим  бо ҷараёни корҳои  навсозию  таъмирии  нақби  мошингарди «Истиқлол» шинос шуд. Дар  айни  замон  мушкилоти  асосии  ба таъмини ҳаракати бемайлон  дар   нақби  мазкур  монеъшаванда  ворид   гардидани  обҳои   зиёдатӣ   аз  қисматҳои  болоию   паҳлўӣ    ва  аз  қабати  поёнии  хатти  ҳаракати  нақлиёт  ба  дохили  нақб  буда,  тамоми  неруи корӣ ва  имконоти   ташкилоту  идораҳои муаззафи   нақбсоз   барои   бартараф   намудани  ин мушкилот  равона шудаанд.   
Азим  Иброҳим   зимни   шиносоӣ  бо  корҳои навсозии  қитъаҳои  аз 6 то 12-уми қисмати шимолии нақб, ки ҷоришавии об асосан дар ин мавзеъҳо  зиёд  мебошад,  ба муҳандисон  ва  лоиҳакашони ширкатҳои нақбсоз  дастур дод,  ки  корҳои  бартарафкунии обҳои зиёдатии  дар қисматҳои   болоии  нақб  ҷамъшавандаю  мушкилот  эҷодкунанда   дар асоси   ташхиси  дақиқ  ва   қабули   қарори  ниҳоии  муҳандисиву техникӣ  тақвият дода шуда,  воридоти   обҳои зиёдатӣ ба нақб  тавассути  ташкили   шабакаҳои  обҷамъкунӣ  ва  пайвасти   нуқтаҳои обҷоришаванда    ба   каналҳои   обпартои  нақби   ҳавотозакунӣ  аз  байн  бурда   шавад.  
Дар  асоси маълумоти мутахассисони ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии исломии Эрон   масъалаи  пурра  хушк  кардани обҳои  ҷоришавандаи дохили  нақб, тибқи  нақшаи «Ташкили  шабакаҳои  тақсимкунии  обҳои ҷамъшавандаи   болои  нақб  ба самти канали обпартои  нақби  ҳавокашӣ»  ва  паст  кардани  сатҳи   канали  обпартои  қисмати  шимолӣ  нисбат  ба  сатҳи  маркази  нақб амалӣ  гардида,  навсозӣ  ва  тармими   босифати   нақби  мазкур соли равон  пурра  анҷом дода мешавад. То имрўз  воридоти обҳои зиёдатӣ  дар масофаи 2,5  километри  қисмати  ҷанубии  нақб  пурра қатъ карда шуда  636 адад таҷҳизоти равшанидиҳандаи мувақатӣ насб гардидааст.
Корҳои таъмини  нақб бо барқ ва рӯшноӣ, васл намудани ҳавотозакунакҳои  пуриқтидор  ва  таҷҳизоти  зидди сўхтор, насб намудани   манбаъҳои   алоҳидаи  барқ   барои  таъмини мустақили маҷмўи  воситаҳои  хизматрасонии  электрикии  дохили нақб  аз  ҷониби мутахассисони маҳалӣ   дар ҳамкорӣ  бо  ширкати «Зетрон»-и Испания амалӣ мешавад. 
Муовини   Сарвазир  дар  ҷаласаи  ситоди  корӣ аз масъулини соҳа ва   ташкилоту  ширкатҳои  нақбсоз   сифати   баланди   корҳои таъмирию   барқарорсозиро талаб  намуда,  таъкид кард, ки  тамоми  корҳои навсозӣ    бояд  дар  сатҳи  баланд,  сифатнок   ва  боэътимоднокии барои  даҳсолаҳои  минбаъда  пешбинишуда  анҷом  дода  шаванд. 
 Роҳбарияти  вазорати   нақлиёт,  ширкатҳои   масъули   маҳалӣ     ва   ширкатҳои  бо  Тоҷикистон  дар  навсозию   таъмири   нақб   ҳамкорӣ   дошта   вазифадор  шуданд, ки вобаста ба омода   намудани  мутахассисони   маҳалие, ки  дар  оянда  барои иҷрои  корҳои  идораи    нақб   ҷалб мешаванд,  тадбирҳои   амалӣ андешанд.
 
 
 

Февраль 25, 2015 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид