Шиносоии А. Иброҳим бо корҳои навсозии нақби «Истиқлол»
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои навсозию таъмирии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд. Дар айни замон мушкилоти асосии ба таъмини ҳаракати бемайлон дар нақби мазкур монеъшаванда ворид гардидани обҳои зиёдатӣ аз қисматҳои болоию паҳлўӣ ва аз қабати поёнии хатти ҳаракати нақлиёт ба дохили нақб буда, тамоми неруи корӣ ва имконоти ташкилоту идораҳои муаззафи нақбсоз барои бартараф намудани ин мушкилот равона шудаанд.
Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо корҳои навсозии қитъаҳои аз 6 то 12-уми қисмати шимолии нақб, ки ҷоришавии об асосан дар ин мавзеъҳо зиёд мебошад, ба муҳандисон ва лоиҳакашони ширкатҳои нақбсоз дастур дод, ки корҳои бартарафкунии обҳои зиёдатии дар қисматҳои болоии нақб ҷамъшавандаю мушкилот эҷодкунанда дар асоси ташхиси дақиқ ва қабули қарори ниҳоии муҳандисиву техникӣ тақвият дода шуда, воридоти обҳои зиёдатӣ ба нақб тавассути ташкили шабакаҳои обҷамъкунӣ ва пайвасти нуқтаҳои обҷоришаванда ба каналҳои обпартои нақби ҳавотозакунӣ аз байн бурда шавад.
Дар асоси маълумоти мутахассисони ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии исломии Эрон масъалаи пурра хушк кардани обҳои ҷоришавандаи дохили нақб, тибқи нақшаи «Ташкили шабакаҳои тақсимкунии обҳои ҷамъшавандаи болои нақб ба самти канали обпартои нақби ҳавокашӣ» ва паст кардани сатҳи канали обпартои қисмати шимолӣ нисбат ба сатҳи маркази нақб амалӣ гардида, навсозӣ ва тармими босифати нақби мазкур соли равон пурра анҷом дода мешавад. То имрўз воридоти обҳои зиёдатӣ дар масофаи 2,5 километри қисмати ҷанубии нақб пурра қатъ карда шуда 636 адад таҷҳизоти равшанидиҳандаи мувақатӣ насб гардидааст.
Корҳои таъмини нақб бо барқ ва рӯшноӣ, васл намудани ҳавотозакунакҳои пуриқтидор ва таҷҳизоти зидди сўхтор, насб намудани манбаъҳои алоҳидаи барқ барои таъмини мустақили маҷмўи воситаҳои хизматрасонии электрикии дохили нақб аз ҷониби мутахассисони маҳалӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Зетрон»-и Испания амалӣ мешавад.
Муовини Сарвазир дар ҷаласаи ситоди корӣ аз масъулини соҳа ва ташкилоту ширкатҳои нақбсоз сифати баланди корҳои таъмирию барқарорсозиро талаб намуда, таъкид кард, ки тамоми корҳои навсозӣ бояд дар сатҳи баланд, сифатнок ва боэътимоднокии барои даҳсолаҳои минбаъда пешбинишуда анҷом дода шаванд.
Роҳбарияти вазорати нақлиёт, ширкатҳои масъули маҳалӣ ва ширкатҳои бо Тоҷикистон дар навсозию таъмири нақб ҳамкорӣ дошта вазифадор шуданд, ки вобаста ба омода намудани мутахассисони маҳалие, ки дар оянда барои иҷрои корҳои идораи нақб ҷалб мешаванд, тадбирҳои амалӣ андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






