Ширкати Испаниё ба бозори Тоҷикистон рӯ меорад

Февраль 2, 2015 11:32

Душанбе,  02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде  пеш   муовини   раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Манзура  Рустамова   бо роҳбари ширкати «АССОIONA» — и  Испаниё  дар  Қазоқистон  Карлос  Суагос  мулоқот  анҷом дод.
Тавре  ки  ПСС ҶТ  хабар  медиҳад,  мусоҳибон   масоили  ҳамкории   байни  тоҷирони ҳар  ду  кишварро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.  Роҳбари  ширкати  Испаниё ба  ислоҳоти  иқтисодии Тоҷикистон,  қонуни  бахши   дастгирии  соҳибкорӣ ва  сармоягузорони хориҷӣ,  ҳамчунин   шароити  кори  соҳибкорони  хориҷӣ  дар бозори  Тоҷикистон  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  намуд. 
«Муҳим  аст, ки  тоҷирони  дохилию  хориҷӣ  байни  худ  равобити   наву  судманд  барқарор намоянд», — гуфт  М.Рустамова. Ба  гуфтаи  мавсуф  вазъи  сармоягузорӣ  дар  Тоҷикистон  беҳтар  гардида, қонунҳои нав  ба  шароити  фаъолияти  ширкатҳои  хориҷӣ  дар  ҷумҳурӣ  мусоидат  мекунанд.
Дар  хотима  М.Рустамова  ба  меҳмон  дар  бораи  вазъи  сармоягузорӣ ва  захираҳои табиии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муфассал  нақл  кард. 

Февраль 2, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад