Ширкати Испаниё ба бозори Тоҷикистон рӯ меорад
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова бо роҳбари ширкати «АССОIONA» — и Испаниё дар Қазоқистон Карлос Суагос мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, мусоҳибон масоили ҳамкории байни тоҷирони ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Роҳбари ширкати Испаниё ба ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, қонуни бахши дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин шароити кори соҳибкорони хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
«Муҳим аст, ки тоҷирони дохилию хориҷӣ байни худ равобити наву судманд барқарор намоянд», — гуфт М.Рустамова. Ба гуфтаи мавсуф вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, қонунҳои нав ба шароити фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.
Дар хотима М.Рустамова ба меҳмон дар бораи вазъи сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал нақл кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






