Шуғнон: Заминаи моддӣ -техникии литсейи № 77 беҳбудӣ мехоҳад
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Соли 2014 дар деҳоти «Навобод», ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ҳудуд аз калонтарин деҳоти ноҳияи Шуғнон ба шумор меравад, дар маркази деҳот бинои маркази сӯхторнишонӣ бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо 23 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи Ривак бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла мактаб-интернати №28, ки аз ҷиҳати шумораи хонандагон дар ин деҳот калонтарин ба шумор меравад, аз тарафи ширкати сохтмонии «Мадад» ба маблағи 76 ҳазор сомонӣ таъмир шуд»,-мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти Навобод Амонулло Саидраҳмонов.
Албатта, дар ҷое, ки кор аст, камбудию мушкилот низ вуҷуд дорад. Як мушкилии асосии ин ҷо- истифодаи заминҳои Бугод мебошад, ки пурра ҳал нашудааст. Бинобар набудани пули мошингузар ба он ҷо техникаи шудгоркунандаро бурда наметавонанд. Заминаи моддӣ -техникии литсейи касбӣ-техникии №77 низ беҳбудӣ металабад. Дар ин ҷо ҳанӯз толори варзишӣ нест ва барои пурра аз худ намудани касби ронандагӣ низ шароит мавҷуд нест.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






