«Симурғ ва Золи зар» барои кӯдакону наврасон

Февраль 9, 2015 10:42

 
Душанбе, 9.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-7 феврал дар Театри тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов- «Аҳорун» нахустнамоиши намоишномаи «Симурғ ва Золи Зар» аз рӯи достони безаволи «Шоҳнома»-и Фидавсӣ намоиш дода шуд. 
Ба гуфтаи  коргардони театри «Аҳорун» Некқадам Шоназаров  тамоми намоишномаҳои театри «Аҳорун» аз рӯзи аввали таъсис миллию классикӣ буд.  Бинобар ин ҳунармандону коргардони театр  тасмим гирифтанд аз рӯи достонҳои «Шоҳнома» барои кӯдакон  низ намоишномаҳо таҳия намоянд. 
«Тавре ки медонем, имрӯз наврасон «Шоҳнома»-ро дар синфҳои болоӣ аз худ мекунанд.  Мақсади мо он буд, ки кӯдакон аз боғча ва  аз синфи ибтидоӣ дар бораи асарҳои «Шоҳнома» ва қаҳрамонҳои асосии он  тасаввурот пайдо намоянд. Достонҳои Фирдавӣ худ  драматургияи тайёранд, бинобар ин бо таклифи директори театр С. Қосимова достони «Симурғ ва Золи Зар»-и  Фирдасиро мо интихоб намуда, имрӯз пешкаши тамошобинон намудем. Мо  дар оянда мехоҳем силсиланамоишномаҳоро  аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ идома  диҳем. Ман  чун коргардон   умед дорам, ки ин иқдоми мо натиҷаи хуб медиҳад.  Мо дар ин намоишномаи худ кӯшиш намудем барои кӯдакону навсрасон саҳнаи мукаммалеро таҳия намоем. Ороиши саҳна ва либосҳро  низ кӯшиш  кардем оддӣ, рамзӣ  ва рангин интихоб намоем. Фикр мекунам, ин нахустнамоиши моро тамошобинон хуб қабул намуданд ва ин туҳфаи хубест барои кӯдакону мактаббачагон дар оғози соли 2015»,-гуфт Н. Шоназаров.  
Насиба, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии  ҷумҳурӣ мегӯяд, ки намоишнома барояш хеле маъқул афтод. «Ҳарчанд ман ин достонро дар мактаб хонда будам, вале дар хотирам набуд.  Акнун ин саҳна дар хотирам нақш мебандад. Он на танҳо барои кӯдакону наврасон, балки барои ҷавонон низ саҳнаи хуб буд. Ин нахустин борест, ки ман ба театр барои тамошо омадам. Акнун кӯшиш мекунам дар оянда низ ба дигар театрҳо рафта, барои худ ғизои маънавӣ гирам»,-илова намуд Насиба.
Кормандони театри «Аҳорун» нақша доранд дар оянда силсиланамоишномаҳояшонро аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавӣ идома диҳанд.
 
 
 

Февраль 9, 2015 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд