Сохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон соли 2016 анҷом меёбад
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Кормандони нақлиёти Тоҷикистон сохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвонро дар соли 2016 анҷом доданианд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёти кишвар, ҷадвали корҳои сохтмонӣ тартиб ёфта, моҳи сентябри соли 2016 ба муносибати 25 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода додани ин иншоот дар назар аст.
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 71,2 миллион доллари ИМА қарз додааст. Дар сохтмони мазкур маблағҳои Ҳукумати ҶТ низ истифода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки арзиши лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон ба масофаи 46 километр 125 миллион доллари ИМА — ро ташкил дода, сохтмони он соли 2009 оғоз ёфта буд.
Дар шуъбаи нақлиёт зикр намуданд, ки ба татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон, ки ба рушди минтақаҳои ҷанубӣ мусоидат мекунад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дар назар аст, ки сохтмони шохаи тоҷикистонии лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз меёбад. Алҳол ҷиҳатҳои техникии лоиҳа арзёбӣ мешавад.
Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ, лоиҳаи мазкур тайи ду сол, яъне аз соли 2015 то соли 2017 дар амал татбиқ мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






