Соли 2015-соли муҳим барои Тоҷикистону Ҷопон

Февраль 10, 2015 15:10

Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Солҳои оянда дар Тоҷикистон яке аз калонтарин лоиҳаҳои  Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки барои таъмини кумаки моддию молии бунёди терминали боркашонии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нигаронида шудааст, ба таври грант дар ҳаҷми 50 млн. доллар амалӣ мешавад»,-иттилоъ дод муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодеро ба хабарнигорон.
Киёши Кодеро илова намуд, ки : «Аз соли 2010 инҷониб масъалаҳо ва мавзӯъҳои калидии ҳамкориҳо ва талошҳои минбаъдаи мо пеш аз ҳама фарогири  масъалаҳои дарёфти роҳу василаҳои тавсияи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар ин муддат мо якчанд лоиҳаҳоро дар соҳаҳои  нақлиёт, таҷдид ва навсозии роҳҳо, таҳкими иқтидори фурудгоҳ, беҳтар гардонидани таъминоти оби нӯшокӣ дар амал татбиқ намудем ва дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус ба масъалаи беҳтар гардонидани шароит ва  вазъи модару кӯдак дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хосса низ изҳор намудем».
Муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ соли 2015-ро барои муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии Тоҷикистону Ҷопон хеле соли  муҳим ва  калидӣ арзёбӣ намуда, изҳори умед намуд, ки то охири имсол ва оғози соли оянда мақоми ҳузури дипломатии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Сафорати комилҳуқуқ, яъне  ба Сафири Фавқулодда ва Мухтор баланд бардошта мешавад. 
Дар радифи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии ду кишвар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ низ тасмим гирифтааст, ки барои беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намояд.
 
 

Февраль 10, 2015 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст