Соли 2015-соли муҳим барои Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Солҳои оянда дар Тоҷикистон яке аз калонтарин лоиҳаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки барои таъмини кумаки моддию молии бунёди терминали боркашонии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нигаронида шудааст, ба таври грант дар ҳаҷми 50 млн. доллар амалӣ мешавад»,-иттилоъ дод муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодеро ба хабарнигорон.
Киёши Кодеро илова намуд, ки : «Аз соли 2010 инҷониб масъалаҳо ва мавзӯъҳои калидии ҳамкориҳо ва талошҳои минбаъдаи мо пеш аз ҳама фарогири масъалаҳои дарёфти роҳу василаҳои тавсияи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар ин муддат мо якчанд лоиҳаҳоро дар соҳаҳои нақлиёт, таҷдид ва навсозии роҳҳо, таҳкими иқтидори фурудгоҳ, беҳтар гардонидани таъминоти оби нӯшокӣ дар амал татбиқ намудем ва дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус ба масъалаи беҳтар гардонидани шароит ва вазъи модару кӯдак дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хосса низ изҳор намудем».
Муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ соли 2015-ро барои муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии Тоҷикистону Ҷопон хеле соли муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуда, изҳори умед намуд, ки то охири имсол ва оғози соли оянда мақоми ҳузури дипломатии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Сафорати комилҳуқуқ, яъне ба Сафири Фавқулодда ва Мухтор баланд бардошта мешавад.
Дар радифи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии ду кишвар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ низ тасмим гирифтааст, ки барои беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






